21 Январ 2023 - 19:13
Ҳизбуллоҳ: Тулонӣ шудани интихоби раисиҷумҳур хизмат ба пружаи Амрико ва Исроил аст

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ тулонӣ шудани интихоби раисиҷумҳури Лубнонро ба зарари ин кишвар ва дар хизмати пружаи Амрико ва режими Исроил донист.

Порлумони Лубнон рӯзи панҷшанбе барои ёздаҳуминбори мутаволӣ дар интихоби раисиҷумҳур ин кишвар ноком монд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Аҳд, шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне бар лузуми интихоби ҳарчӣ сареътари раисиҷумҳури Лубнон таъкид кард ва гуфт, халаи раёсатҷумҳурӣ набояд барои муддати тулонӣ идома ёбад, зеро бидуни истисно осеби ин хала ба вазъияти Лубнон ҷиддист.

Шайх Наим Қосим бо баёни инки "мо ба унвони ҳизбуллоҳ барои тасҳили гомҳои амалӣ ҷиҳати интихоби раисиҷумҳур иҳтимом дорем ва дар ин росто шабонарӯз талош мекунем", афзуд, аммо мо дар интихоби раисиҷумҳур танҳо нестем зеро теъдоди намояндагони маҷлис 128 нафар аст ва панҷ, шаш ё ҳафт ҷиноҳ дар маҷлис ҳузур доранд ва агар бихоҳед дар аввалин ҷаласа, раисиҷумҳур интихоб кунед ба орои аз ду се ҳисса ниёз доред.

Вай ҳамаро масъул ва нигарон дар мавриди интихоб нашудани раисиҷумҳур донист ва барои хурӯҷ аз ин бунбаст гуфт, метавон гуфтугуҳо ва тавофуқҳоеро анҷом дод ва саъй кард, дидгоҳҳоро наздиктар кунем.

Шайх Наим Қосим дар бораи хусӯсиёти раисҷумҳур гуфт, раисиҷумҳур бояд аз вижагиҳои хосе, ки қобили чашмпушӣ нест бархӯрдор  ва имкони ҳамкорӣ бо ҳамаи аҳзоб ва нерӯҳои сиёсии мавҷӯд дар кишварро дошта бошад ва ин раисиҷумҳур бояд битавонад дарҳои Лубнонро ба шарқ, ғарб, аъроб ва кишварҳои дигар ба нафъи Лубнон боз кунад ва вазъияти Лубнонро дар хизмати пружаи Амрико ва режими Исроил, ки мехоҳад Лубнонро заъиф нигаҳ дорад, қарор надиҳад.

Наим Қосим ҳамчунин изофа кард, ин раисиҷумҳур бояд битавонад бо истифода аз таҷориб ва саломати барномаҳои сиёсии худ барои барномаҳои наҷотбахшу раҳои бахш аз иқтисоддонон, сармоядорону аҳзоби мухталифи сиёсӣ кумак бигирад то битавонем аз шари мушкилоти мавҷӯд раҳо шавем ва умурро дар масири роҳи ҳал қарор диҳем.

342/