Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии артиш, гуфт, вазифаи аслии нерӯи заминии артиш, барқарории амният дар марзҳои Эрони исломӣ аст.
Вай афзуд, бо вуҷӯди тамоми таҳдидот, бо амал ба манвиёти фармондеҳи муаззами кулли қуво ва иртиқои сатҳи омодагии нерӯи заминӣ, тавонистаем ба дараҷае аз боздорандагӣ даст ёбем то тавтеаҳои душманон бо шикаст мувоҷеҳ шавад.
Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ ҳамчунин гуфт, ҳузури муассири нерӯи заминии артиш дар марзҳои кишвар ва барқарории амният дар нуқоти мухталифи марзӣ, нишон аз омодагии размӣ ва тавони дифоии ин неруро дорад.
342/