10 Январ 2023 - 16:24
Азсаргирии парвозҳои Узбекистон ба Чин пас аз 3 сол вақфа

Ширкати ҳавопаймойии «Узбекистон хаво йуллари» эълом кард пас аз ҳудуди 3 сол вақфа имрӯз нахустин парвози худро аз Тошканд ба Пекин анҷом медиҳад .

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси эъломи  ширкати  «Узбекистон хаво йуллари»  нархи билети парвози Тошканд ба Пекин ва баракс аз 592 доллар шурӯъ мешавад .

Бар асоси ин гузориш парвози баъдии аз Узбекистон ба мақсади Чин 17 январи соли ҷорӣ анҷом хоҳад шуд .
Қарор аст парвозҳои масири Тошканд - Пекин то поёни моҳи январ ҳафтае як бор анҷом шавад, аммо аз моҳи феврал теъдоди парвозҳо дар ин масир ба ду парвоз дар ҳафта афзоиш хоҳад ёфт .
Мусофирон ниёзманди тести адами ибтило ба бемории Ковид мебошанд .
Узбекистону Чин парвозҳои худро дар моҳи феврали соли 2020 дар паи шуюъи корона мутаваққиф карданд .


342/