Дар рӯзҳои гузашта раванди афзоиши омори ибтило ба бемории Ковид - 19 дар кишварҳои мухталиф шитоби бештаре гирифтааст, ба тавре ки дар 24 соати гузашта беш аз 246 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона бо ишора ба боло рафтани омори ибтило ба ин беморӣ дар кишварҳои мухталиф гуфт, ба ҳиммати низоми саломати Эрон, талоши давлату ҳамкории мардум, омори ибтило ва талафоти корона дар кишвар муддатҳост, ки дар пойинтарин ҳадди мумкин қарор дорад.
Раисӣ афзуд, бо тавваҷуҳ ба густариши вируси Ковид - 19 дар бархе манотиқи ҷаҳон, бояд сатҳи муроқибатҳои беҳдоштӣ дар Эронро болотар бурд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, Вазорати беҳдошти Эрон тадобири лозим барои таҷҳизу омодагии марокизи ваксинатсияро фароҳам кунад то касоне, ки 6 моҳ аз тазриқи охирин дозаи воксани коронаи онҳо гузашта аст, битавонанд нисбат ба таҷдиди ваксинатсия иқдом кунанд.
342/