Сардор сарлашкари посдор Ғуломалии Рашид, фармондеҳи қароргоҳи марказии «Хотамуланбиё (с)»-и Неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҳошияи баргузории размоиши «Зулфиқор 1401»-и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Қароргоҳи марказии «Хотамуланбиё (с)», Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ, артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иҷмоъ доранд, ки режими саҳюнистӣ ба унвони таҳдиди амнияти миллии Эрон дар авлавияти нахуст қарор дорад.
Сарлашкар Рашид афзуд: Режими саҳюнистӣ таҳти ҳимояти ҳамаҷониба, як таҳдиди низомии амниятии мухарриб барои тамоми кишварҳои минтақа ва Эрон аст. Иқдомоти таҳдидомези режими саҳюнистӣ зидди манофеъ ва амнияти миллии Эрон бо фарзи иттилоъ, ҳамоҳангӣ ва ҳимояти Амрико арзёбӣ мешавад ва посухи Неруҳои мусаллаҳи Эрон қатъӣ хоҳад буд.
Фармондеҳи қароргоҳи марказии «Хотамуланбиё (с)»-и Неруҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Ҳар кишваре, ки бо режими саҳюнистӣ барои таҳдиди амнияти миллии Эрон ҳамкорӣ кунад ва пойгоҳу имконе дар ихтиёри режими саҳюнистӣ қарор диҳад, он пойгоҳҳо, нуқоту мабдаи таҷовузу ҳамла ба Эрон, ки режими ишғолгари Қудс аст, омоҷи ҳамлаи неруҳои мусаллаҳи мо қарор хоҳад гирифт.
Размоиши муштараки «Зулфиқор 1401»-и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб бо рамзи «Ё Заҳро (саломуллоҳи алайҳо) дар манотиқи ҷануби шарқ, савоҳили Макрон, ҳадди фосили шарқи тангаи Ҳурмуз то наздикии бандари Гаватеру дарёи Уммон то мадори 10 дараҷа дар шимоли уқёнуси Ҳинд оғоз шуд.
342/