Эъмоли таҳримҳои зидди эронӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии Доланд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико пас аз хуруҷ аз БарҶом ва роҳандозии корзори фишори ҳадиаксари абъоди ҷадид ва бесобиқа пайдо кард ва шадидтарин таҳримҳоро зидди Эрон ба умеди таслими Эрон дар баробари хостаҳои ғайримантиқи ва ғайриқонунии Амрико эъмол кард, ки албата бо нокоми ва шикаст муваҷаҳ шуда аст.
Бо ин ҳол давлати Байден низ ҳамин масири шикастхурдаро токунун идома дода аст. Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии кунунии Амрико аз замони руи кор омадан бо вуҷуди шиъорҳои қаблии худ корзори фишори ҳадиаксариро тадовум бахшид ва ҳар чанд гоҳи таҳримҳои ҷадидеро ба баҳонаҳои мухталиф зидди Эрон эъмол мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Амрико ҳамвора аз посух ба дархости ниҳодҳои байналмилали барои лағви таҳримҳо зидди Эрон худдори карда аст.
Сомонаи Нурниюз дар ин бора навишт: Наздик ба як моҳ аз охирин муҳлати гузоришгарон равияҳои махсуси Созмони Милал ба Амрико барои посухгуи дар бораи асароти таҳримҳо дар бахши муҳити зист зидди миллати Эрон мегузарад, аммо Вашенгтон ҳамчунин ҳозир ба посухгуӣ дар хусуси саволҳои тарҳшуда ва масъулияти худ дар қиболи он надорад.
Теъдоди аз гузоришгарони аршади Созмони Милал тайи номаи таъкид карданд, ки таҳримҳои Амрико ба осебҳои зистмуҳити дар Эрон кумак мекунад ва монеъ мешавад, ки шаҳрвандони Эрон аз ҷумла муҳоҷирон ва паноҳҷуёни афғон ба таври комил аз ҳуқуқи худ барои саломати ва зиндаги бархурдор шаванд дар ин нома теъдоди аз гузоришгарони аршади Созмони Милал ҳамчун Онло Дуҳон, Ричорд Бент, Аён Фроӣ, Ливингестон Сувонён ва Фернонду Ворен мушоҳида мешавад омада аст Эрон монанди бисёри кишварҳо мушкилоти зистмуҳити дорад ва таҳримҳои Амрико монеъи расидагии муассир давлати Эрон шуд ва чолишҳоро бештар карда аст. Ба гуфтаи онҳо таҳримҳо монеъ аз мушорикати донишмандони эронӣ дар тарҳҳои таҳқиқотии муштараки муҳити зист дар хориҷ аз кишвар мешавад ва ҳатто онҳо аз дастраси ба пойгоҳҳои иттилоъоти бархат ва давраҳои омузишии масоили зистмуҳити ва пойдори бозмонданд.
Таъкиди гузоришгарони аршади Созмони Милал бар таъсироти вайронкунандаи таҳримҳои якҷонибаи зидди эронии Амрико бар муҳити зисти Эрон дар ростои интиқоди онҳо аз эъмоли таҳримҳои бесобиқаи Вашенгтон зидди мардуми Эрон аст. Созмони Милал борҳо ба интиқод аз эъмоли таҳримҳои якҷониба тавассути Амрико зидди Эрон ба вижа дар давраи ҳамагирии вируси корона ва бемории Ковид-19 пардохта ва хоҳони лағв ва ё коҳиши онҳо ба манзури осон намудани дастрасии Эрон мавриди таҳрим ба ақломи асосии пизишки ва доруӣ шуда аст.
Ално Дуҳон гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури таъсироти манфии иқдомоти якҷониба мегуяд: Таҳримҳои якҷониба сабаби тазъифи иқтидори Созмони Милали Муттаҳид, тарс дар заминаи ҳамкориҳои байналмилали ва ҳокимияти қонуни мешавад.
Акунун гузоришгарони аршади Созмони Милал бо таваҷуҳ ба хати машии зидди инсонии Амрико дар номаи худ хоҳони он шуданд то таҳримҳое, ки монеъ аз тавоноӣ Эрон дар беҳбуди муҳити зист ва коҳиши асароти бад бар саломат ва зиндагӣ мешавад коҳиш ё ба таври комил бардошта шаванд то шаҳрвандони Эрон битавонанд ба ҳақи худ дар бархурдори аз муҳити зисти пок дастраси доштабошанд.
Бо инҳол ҳамонгунае, ки Вашенгтон аз посух ба ин нома худдори карда аст бояд гуфт, ки асосан руйкарди Амрико бар хилофи иддаоҳои ҳуқуқи башарияш истифода аз тамоми абзори фишор зидди Эрон аз ҷумла таҳримҳои густарда ва тадовуми онҳо аст.
Ҳарчанд, ки эъмоли ин руйкард нафақат сабаби таслими Эрон нашуд балки Теҳрон ҳамчунон бар мавозеъи зидди истикбории худ ва мухолифат бо султагарии Амрико дар чорчуби сиёсатҳои муқовимати ҳадиаксари идома диҳад.