20 Декабр 2022 - 20:24
Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳодисаи террористии Шоҳчароғ мӯҷиби расвоии амрикоиҳои мунофиқ ва сиёҳдил шуд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори хонаводаҳои шуҳадои ҳодисаи террористии ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ алайҳиссалом, ин ҳодисаи талхро муҷиби расвоии амрикоиҳои мунофиқ ва сиёҳдил донистанд.

 Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасони дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз (сешанбе) дар ин дидор, ҳодисаи террористии ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ алайҳиссаломро мӯҷиби доғдор шудани дилҳо, аммо монданӣ дар таърихи Эрон хонданд ва бар расво шудани дастҳои пушти пардаи ин хабосат яъне амрикоиҳои кинатуз ва бавуҷудоварандаи ДИИШ таъкид карданд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, террори зоиронро мутафовит аз соири ҳаводиси террористӣ ва муҷиби расвоии музоафи душман донистанд ва гуфтанд, илова бар омилони ҷонӣ ва хиёнаткор, пуштибонони аслӣ ва бавуҷудоварандагон ДИИШ низ дар ин ҷиноят шарик ҳастанд; Онҳо он қадр дурӯғгӯ, сиёҳдил, расво ва мунофиқ ҳастанд, ки дар ҳарф  парчами ҳуқуқи башарро боло мебаранд, аммо дар амал гурӯҳҳои хатарноки террористиро ба вуҷуд меоваранд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд, дастгоҳҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ бояд ин ҳодисаи боазаматро ҳамчун қазияи Ошуро ва соири масоили таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд ва ба ояндагон мунтақил кунанд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дастгоҳҳои фарҳангӣ ва расонаиро ба тавлидоти ҳунарӣ дар хусуси ин ҳодиса ва соир қазоёи таърихӣ тавсия карданд ва афзуданд: Мо дар масоил марбут ба ҳаводис ва таърихи инқилоби исломӣ ва ҷиноятҳои душманон аз назари кори расонаӣ ва таблиғӣ кӯтоҳӣ дорем ба гунае, ки насли ҷавони мо иттилооти зиёде аз ҳаводиси гузашта аз ҷумла ҷиноёти мунофиқин надорад.

 26 октябр дар ҳамлаи террористии ДИИШ ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо (Шоҳчароғ) дар шаҳри Шероз, маркази устони Форси Эрон, 13 нафар аз ҷумла 2 кӯдак шаҳид ва 30 нафар аз зоирон захмӣ шуданд.

342/