Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Абосибоқирпури Ардаконӣ, сафири Эрон дар Австрия бо интишори паёми дар твиттер хитоб ба аврупоиҳо навишт: Оё то ба ҳол намояндаи режими саҳюнистиро ба хотири ҷиноятҳои ваҳшиёнаи мудовими онҳо зидди кудакон ва занон эҳзор кардае? ё дигароне, ки давлаташон 81 нафарро танҳо дар як руз эъдом кард? кишварҳои аврупоӣ ахиран ба баҳонаҳои масоили ҳуқуқи башари ва иддаои беасоси мушорикати Эрон дар ҷанги Украина мавозеъи мудохелаҷуёна, мутаноқиз ва мардудеро дар пеш гирифта ва таҳримҳои ҷадидеро зидди Эрон вазъ карданд.
Дашнбеи гузашта шурои вазирони хориҷаи Аврупо бастаи таҳримии ҷадидеро, ки 20 шахсият ва як ниҳоди эронӣ ба баҳонаи масоили ҳуқуқи башари ҳадаф қарор медиҳад тасвиб кард.
Ҳамчунин 4 шахсият ва 4 ниҳоди эронии дигар бар асоси иддаои воҳи мушорикат дар ҷанги Украина ба феҳрасти таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо изофа шуданд ҳамзамон шурои Аврупо бо судури баёнияи ба тадовуми такрории мавозеъи мудохелаҷуёна дар умури дохилии Эрон иттиҳомзани дар бораи сулҳомези ҳастаӣ ва такрори иддаои сиёсӣ дар бораи мушорикати низомии Эрон бо Русия дар ҷанги Украина пардохт.
342/