2 Декабр 2022 - 19:19
Аҳмад Масъуд дар нишасти амниятии Ҳирот дар Душанбе : Эҷоди низоми ғайримутамаркиз роҳи ҳалли мушкили Афғонистон аст

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимат мегуяд, ки Афғонистон ба маркази омӯзишу сарбозгирии гуруҳҳои ҳаросафкани минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил шуда ва эҷоди низоми ғайримутамаркиз ، роҳи ҳалли муъзал(мушкил)и Афғонистон аст .

Даҳумин нишасти амниятии Ҳирот рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон кори худро оғоз карду имрӯз ба поён расид . Дар ин нишаст пажӯҳишгарону чеҳраҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва низомии Афғонистон, кишварҳои минтақа ва шуморе аз чеҳраҳои ҷаҳонӣ низ иштирок доштанд ва авзоъи Афғонистонро баррасӣ карданд .

  Аҳмад Масъуд-раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар суханоне дар рӯзи поёнии нишасти амниятии Ҳирот барои бартараф шудани мушкили Афғонистон « низоми сиёсии ғайримутамарказ, машрӯъ ва мунтахаб »-ро пешниҳод кард .
Ӯ мегуяд, ки бо амалӣ шудани ин кор ، нигаронии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар бораи гуруҳҳои ҳаросафкан ва кишту қочоқи маводи мухаддир бартараф хоҳад шуд .
Аҳмад Масъуд-раҳбари Ҷабҳаи муқовимат изҳор дошт : « Мо ҳалли муъзалу нигарониҳои матраҳшудаи минтақаӣ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз мардуми Афғонистонро дар эҷоди низоми ғайримутамарказ, машрӯъ, ва мунтахаб медонем . Низоми ғайримутамаркиз ҳамкории воқеӣ ва стротегӣ барои минтақаву ҷаҳонро ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва ин навъи низоми сиёсӣ нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи ҳаросафканон ва кишту қочоқи маводи мухаддирро бартараф мекунад . »

Аҳмад Масъуд дар идома бо интиқод аз амалкарди Толибон дар қиболи занон дар кишвар гуфт : « Барои бартараф шудан ин мушкил ниёзманди талошҳои муштарак ҳастем . Афғонистони имрӯз ба маркази омӯзишу сарбозгирӣ барои гуруҳҳои ҳаросафкани минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубаддал шудааст ва низ ба зиндони калоне барои мардуми мазлӯми Афғонистон табдил шуда ва ин мустақиман дар натиҷаи аъмоли толибон будааст . »

342/