26 Ноябр 2022 - 18:49
Таҷдиди мисоқи фармондеҳони нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии исломӣ бо ормонҳои имом Хумайнӣ

Фармондеҳони нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузур дар марқади имом Хумайнӣ (раҳ.) бо ормонҳои имому шуҳадо таҷдид мисоқ карданд.

Ойини таҷдиди мисоқи фармонеҳони нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе бо ҳузури адмирал Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи ин нерӯи роҳбурдӣ дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар ин маросим бо эҳдои тоҷи гул, қироъати фотиҳа ва зиёратнома ба мақоми шомихи меъмори кабири инқилоби исломӣ, адои эҳтиром карданд.

28 ноябр солрӯзи ҳамосаофаринии кормандони новчаи мӯшакандози "Пайкон" ва Рӯзи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба муносибати рашодатҳо ва диловармардҳои нерӯи дарёии артиш дар дифо аз ҷазоир, банодир, савоҳил ва дарёҳои кишвар ва бавижа дифо аз Ободону Хуррамшаҳр ва обҳои нилгуни Халиҷи Форс дар даврони ҷанги таҳмилӣ ва дар нутфа хафа кардани нерӯи дарёии душмани баъсӣ, ҳафтуми озар (28 ноябр)-ро рӯзи нерӯи дарёии артиш ном гузоштанд.

Ҳамасола дарёдилони нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузур дар марқади имоми Хумайнӣ (раҳ.) бо ормонҳои эшон таҷдиди мисоқ мекунанд.

 342/