24 Ноябр 2022 - 19:56
Раиси Ҷумҳурии Эрон : Содироти нафтӣ ва ғайринафтӣ бо вуҷуди таҳрими душман дучори халал нашуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Содироти нафтӣ ва ғайринафтӣ бо вуҷуди таҳрими душман дучори халал нашуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи мардуми Исломшаҳр, ҷануби Теҳрон афзуд : Алорағми хости душману таҳдиду таҳримҳо бо талоши ҳамаи мардуми Эрон имрӯз кишвар дар ҳоли пешрафт дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ, тавлидӣ ва иҷтимоӣ аст .

Раисӣ гуфт : Бо ҳиммати ҷавонони Эрон марокизи тавлидӣ ва санъатии кишвар бо вуҷуди таҳримҳо ба кору фаъолият машғуланд ва пешрафтҳои хубе дар саноеъи ҳастаӣ ва дифоӣ, илму технология ва нано эҷод шуд ва Ҷумҳурии исломии Эрон ифтихороти бисёре низ дар арсаҳои илмии ҷаҳон касб кард.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард : Тасаввури душмани ин буд ки бо таҳдиду таҳрим, тавлид дар кишвар дучори вақфа шавад, ки анҷом нашуду иродаи пӯлодини мардум боис шуд то кору пешрафту фаъолият ба шевае бошад, ки ҳар касе ба кори донишбунён нигоҳ мекунад, таъаҷҷуб мекунад .
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури боздид аз тарҳҳои умронӣ ва дидор бо мардуми шаҳристони Исломшаҳр рӯзи панҷшанбе ба ин шаҳр сафар кард .

342/