Имрӯз (ҷумъа), сенздаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2022) - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз - ҷумъа дар иҷтимои азими мардумии Рӯзи миллии мубориза бо истикбор дар Теҳрон бо баёни ин ки имрӯз намоду намуди истикбори низоми султа ҳоким бар Амрикост, гуфт: Амрико имрӯз хуб медонад, Эрон дар минтақа нуфуз дорад ва ҳеҷ муодилае бидуни назари мувофиқи Эрон дар минтақа рақам намехӯрад.
342/