Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳошияи имзои ин тафоҳумнома изҳор кард : Кишвари Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон дорои иштирокоти забонӣ ва фарҳангии бисёре аст ва ин боиси ифтихораст, ки заминаҳои ҳамкории илмӣ ва омӯзишӣ миёни ин ду кишвар низ густариш ёбад .
Ҷамолиддин Абдуллоҳзода бо ишора ба боздид аз бемористони Вилоят ва бонки чашми Донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад тасреҳ кард : Машҳад яке аз шаҳрҳои шохиси ҷаҳон дар улӯми пизишкӣ аст ва бисёр хурсандем, ки заминаи тавсеаи ҳамкорӣ бо ин шаҳр фароҳам омадааст .
Муҳаммадалии Киёнӣ-раиси Донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад бо баёни инки мо дар ростои тафоҳумномаи ҳамкории миёни Душанбеву Машҳад ба дунболи иҷроӣ шудани тавофуқоти суратгирифта ба вижа дар давраҳои тахассусӣ ва фавқи тахассусӣ ва ҳамчунин пазириши беморони тоҷикистонӣ дар Машҳад ҳастем, хотирнишон кард : Донишгоҳи улӯми пизишкии Машҳад дар моҳҳои ахир тафоҳумномаи ҳамкории зиёдеро бо кишварҳои мухталиф аз ҷумлаи Тоҷикистон имзо кардааст ва мо ин омодагиро дорем то дар ҳавзаҳои омӯзишӣ, илмӣ, пажӯҳишӣ, беҳдоштӣ ва дармонӣ ҳамкориҳои муштараке бо кишвари Тоҷикистон барқарор намоем .
Гуфтанӣ аст ин тафоҳумнома дар оромгоҳи Фирдавсии Машҳад ва пас аз боздиди вазири тандурустии Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳаш аз оромгоҳи ин шоири шаҳири эронӣ имзо шуд .
342/