12 Октябр 2022 - 18:54
 Таҳлил: Интиқоди Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ аз нақзи густардаи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саъудӣ

Созмони ҳуқуқи башарӣ гузориши такон диҳандае аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Арабистон ва маворидии шиканҷаи ҷисми ва рӯҳи алайҳи фаъолон аз ҷумла афроди маҳкум ба эъдом дар зиндонҳо ва хонаводаҳои онҳо мунташир кард.


Ҳуқуқи башар  мубҳам ва бегона барои Арабистон аст. Мубҳам аст зеро саъудиҳо ҳуқуқи башрро ба бархе озодиҳои маҳдуди иҷтимоӣ назири ҳаққи ронандагии занон ё ҳаққи ҳузӯр дар консерт маъно мекунанд ва дар ҳамин росто низ Муҳаммад ибни Салмон, Валиаҳди Саъудӣ, ин озодиҳоро ахиран атто кардааст. Ҳуқуқи башар барои саъудиҳо бегона аст зеро то кунун аз ибтидоитарин ҳуқуқ низ маҳрум будаанд ва ҳануз ҳам аз ҳуқуқи сиёсӣ ба таври ҷидди бархурдор нестанд.

Дар ҳафт соли ахир, ки Муҳаммад ибни Салмон ба таври билқува ҳокими Арабистон аст, вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар вахимтар низ шудааст. Ҳуқуқи башар аз замони ба қудрат расидани ибни Салмон дар ду шакли мутафовит нақз мешавад. Ибни Салмон аз як сӯ  шоҳзодаи Саъудиро таҳти фишор қарор дода ва даст ба поксозии густарда  дар дохили хонадони Саъудӣ зада ва ҳар афардеро, ки аз ҷониби вай эҳсоси хатар мекард боздош ва равонаи зиндон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқи мухолифоне, ки узви хонадони Саъудӣ нестанд низ ба шакли дигаре нақз мешавад. Дар ҳоле, ки шоҳзодаҳои Саъудӣ дар манзил ё дар ҳутелҳо ҳабси хонагӣ мешаванд,шаҳрвандони арабистонӣ аз ҷумла фаъолони сиёсӣ ва мадании ин кишвар ба баҳонаҳои мухталиф роҳии зиндон шуда ва дар зиндон низ  бо шиканҷа мувоҷеҳ мешванд. Сайти Саъудӣ Лайкс дар гузорише бо ишора ба вазъияти ногувори ҳуқуқи башар ва озоди дар Арабистони Саъудӣ ба нақл аз Созмони ҳуқуқи башарии Арабистони мустақар дар Аврупо навишт, бар асоси расаде, ки ин Созмон анҷом додааст, шаҳрвандони  арабистонӣ аз лаҳзаи дастгири таҳди анвоъи шиканҷа қарор мегиранд ва ин шиканҷаҳо бо судури ҳукм мутавақиф намешавад балки бадрафториҳо пас аз иҷрои ҳукм идома меёбад ва шомили ҳоли хонаводаҳои маҳкумон низ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои амниятии Саъудӣ бо шиканҷаи шаддид талош мекунанд аз маҳкумони сиёсӣ эътирофи иҷбори бигиранд. Созмони ҳуқуқи башари Арабистон дар Аврупо истифода аз улгуҳҳои шиканҷаи  физикӣ аз ҷумла шуки электроникӣ, маҳрумият аз хоб, зарбу шатм, кашидани нохун, овезон кардан аз по  ва мавориди дигарро, ки бо ҳадафи маҷбур кардани фарди боздош шуда ба эътироф ё имзои эътирофнома дар марҳилаи бозҷуи анҷом мешавад, мустанад кардааст.

Шумори зиёде аз афрод низ ба ҳабси абад ва эъдом муттаҳам мешаванд. Ин ҳукм дар лоҳе иҷро мешавад, ки исосан афрод дар додгоҳ  муҳокима намешаванд ва аз ҳаққи доштани вакил низ бархурдор нестанд. Бардошти Муҳаммад ибни Салмон ин аст, ки бо таркиби аз истилоҳоти иҷтимоӣ ва хушунат метавонад пояҳои қудратро дар Арабистон тасбит кунад. Вай бо озодии маҳдудияти иҷтимоӣ талош дорад мақбулият ва машруияти мардумиро барои худ эҷод кунад ва бо хушунати густарда алайҳи фаъолон, муътақидон ва шоҳзодаҳо талош мекунад иқтидори худро нишон диҳад.

Дар ҳоле, ки ин иқдоми Муҳаммад ибни Салмон дар ҷиҳати нақзи ҳуқуқи башар ба шиддат гирифтани хафақон ва истибдоди Арабистон мунҷар мешавад, аммо кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар аз ҳаргуна иқдоме алайҳи ин кишвар ҷиҳати мутавақиф кардан ё костан аз нақз ҳуқуқи башар худдори  мекунанд. Дар соли 2022 низ ҷанги Русия алайҳи Украина ва ниёзи Ғарб ба нафти Арабистони Саъудӣ сабаб шуд кишварҳои ғарбӣ беш аз замонҳои дигар чашми худро ба рӯйи нақзи густардаи ҳуқуқи башар дар Арабистон бибанданд ва Муҳаммад ибни  Салмон бо хиёли осудатар пружаи саркубии мухолифон ва ҳазфи руқаборо пеш мебарад.


342/