9 Октябр 2022 - 20:11
Баргузории тазоҳуроти этирозии афғонҳо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон барои тавақуфи насл кӯшии Ҳазораҳои Афғонистон

Шаҳрвандони Афғонистон дар 96 шаҳри ҷаҳон бо баргузории тазоҳуроте наскӯшии Ҳазораҳоро дар Афғонистон маҳкум кардаанд.

Ба гузороиши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, пас аз ҳамлаи террористӣ ба маркази омӯзишии Коҷ дар ғарбӣ Кобул , ки мунҷар ба кӯшта ва захмӣ шудани беш аз сад донишомӯз амдатан духтарои Ҳазора шуд, ҷаҳонро такон дода ва афғонҳо дар канори ҳам дар 96 кишвари ҷаҳон аҳ ҷумла Амрико, Австралия, Канада, Олмон, Нюзланд, Инданезия зимни эътироз ба наслкӯшии Ҳазораҳо дар Афғонистон бар тавофуқи ин наслкӯши таъкид кардаанд.

Тазоҳур кунандагон, шиносоӣ ва муҳокимаи омилони ин наслкӯширо хостор шудаанд.

То кунун даҳҳо шахсияти дохилӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла сиёсатмадорон, ҳунармандон ва нависандагон ба корзори поёни хушунат  дар Афғонистон ба вижа алайҳи Ҳазораҳо пайвастаанд.

Ҳаштаги " наслкӯшии Ҳазораҳоро мутавақиф кунед" дар плдатформаи  Твиттер ҳафт миллион бор ҳамрасонӣ шудааст.

342/