6 Октябр 2022 - 18:49
Манофеъи Эрон ва Русия дар гарави талоши ду кишвар барои иҷрои тавофуқоти байни ҳамдигар аст

Муъовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо дастёри раиси Ҷумҳурии Русия таъкид кард, манофеъи давлатҳо ва миллатҳои Эрон ва Русия дар гарави талош барои иҷроишудани тавофуқоти суратгирифта минёи ду кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мухбир дар дидори Игор Левитин дастёри раиси Ҷумҳурии Русия ҳамчунин бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид карду гуфт: Масири Рашт-Астара ва рушди ҳамокриҳои бонки барои осонии фаъолияти тоҷирон ва бахши хусуси нақши муассир дар иртиқои сатҳи ҳамкориҳои Теҳрон ва Маскав хоҳад дошт.

Муъовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки созукори хуби барои иҷрои тавофуқоти байни ҳамдигар фароҳам шуда аст афзуд: Барои рушди ҳамкориҳои бонкии ду кишвар бояд барномаи дақиқ ва замонбандишуда тадвин ва ҷидияти онро пайгири кард.

Мухбир ба тавофуқоти суратгирифтаи миёни ду кишвар барои ҳамкори дар бахши энержи низ ишора карду гуфт: Тавофуқоти бисёр хуби дар бахши энержи миёни Эрон ва Русия ҳосил шуд, аммо бояд нисбат ба замони иҷрои ин тавофуқот ҳасос бошем ва бо ҷидият онро дунбол кунем то шоҳиди иҷрои ҳар тарҳи мутобиқи барномаи замонбанди бошем.

Дастёри раиси Ҷумҳурии Русия дар ин дидор бо баёни ин ки мудирони бузургтарин ширкатҳои тиҷории Русия гирдиҳам омаданд то бо ҳайати олирутбаи эронӣ барои рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ музокира кунанд аз эҳтимоми ҷадиди Маскав барои иҷрои тавофуқот бо Теҳрон хабар дод.

Игор Левитин дар идома бо ишора ба тамоюли ширкатҳои фаъол дар ҳавзаҳои энержии Русия барои сармоягузори ва ҳамкории дар Эрон афзуд: Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия бар иҷрои тавофуқоти ду кишвар таъкид дорад.

342/