Нишасти Гуруҳи 20 моҳи ноябр дар Индонезия баргузор мешавад. Пеш аз ин рӯзномаи “Wall Street Journal” аз эҳтимоли ин дидор хабар дода буд.
Гузоришҳо аз дидори эҳтимолии Байден ва Си Ҷинпин дар замоне мунташир мешаванд, ки танишҳо миёни Чину Амрико пас аз дидори Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико аз ҷазираи Тайван афзоиш ёфтааст.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин 29 июл, дар тамоси телефонии пуртанише, ки беш аз ду соат ба тӯл анҷомид, дар бораи бисёре аз масоил, аз ҷумла сафари Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван гуфтугу карданд.
Таниш дар равобити Пекин - Вашингтон дар пайи сафари Нэнси Пелоси, ки дувум август вориди Тайван шуд, вориди марҳалаи ҷадиде шудааст. Билофосила пас аз ин сафар, Чин сафири Амрикоро эҳзор кард ва маротиби эътирози Пекин ба иқдомоти мудохилаҷӯёнаи Вашингтонро дар умӯри дохилии худ эълом кард.
342/