Шаҳрвандоне ки ба синни 18 соли тамом расидаанд ба хидмати сарбозӣ фаро хонда мешаванд.
Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои Вазорати дифоъ дар марказ ва маҳалҳо бояд бо интихоби дақиқи афрод ва бо дар назар гирифтани вижагиҳои хоси хидмат, ҷазби шаҳрвандонро анҷом диҳанд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззафанд ба ҳамроҳи комиссариятҳои низомӣ, шаҳрвандони дорои шароитро барои хидмати сарбозӣ даъват кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикстон Қонуни хариди хидмати сарбозӣ низ дар ҳоли иҷро аст.
Тарзи харҷ кардани маблағи хариди хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон
Маблағи хариди хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Бар асоси қонуни нав довталабон метавонанд бо пардохти 26 ҳазору 880 сомонӣ дафтарчаи ҳарбӣ дарёфт кунанд.
Ин афрод пас аз омӯзиши низомӣ ба унвони сарбозони захираи Неруҳои мусаллаҳи кишвар шинохта мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳар сол 2 мартаба дар фасли баҳору тирамоҳ барои даъвати ҷавонон ба хидмати сарбозӣ фарохон дода мешавад.