Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон маҷмӯи мубодилоти тиҷории байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра беш аз 2 миллиарду 95.4 миллион доллар будааст, яъне 50.7 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии ин кишвар бо кишварҳои ИДМ муртабит аст .
Таи ин давра тиҷорати Тоҷикистон бо 5 кишвари муштаракулманофеъ аз ҷумла бо Туркманистон – 4.2 баробар, Русия 41.9 дарсад, Беларус – 38 дарсад рушди мусбат доштааст . Аммо гардиши молӣ бо Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Қирғизистон ва Украина дар ин муддат манфӣ будааст .
Бинобар гузориши ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистону Узбекистон аз шарикони аслии тиҷори Душанбе аз миёни кишварҳои ИДМ ба шумор меравад .
Арзиши тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон бо Русия дар 7 моҳи соли ҷории милодӣ беш аз 908.2 миллион доллар, Қазоқистон беш аз 781.6 миллион доллар ва Узбекистон беш аз 314.8 миллион доллар будааст .
Тарози тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ таи ин муддат манфӣ будаву воридоти коло беш аз 3.3 баробари содирот аст.
342/