28 Май 2022 - 14:52
Аз сар гирии парвозҳои ширкати Сомон Эйр ба шаҳрҳои Русия

Ширкати ҳавопаймоӣ Сомон Эйри Тоҷикисон парвозҳои муназзами худро дар масирҳои Душанбе-Қазан ва Хуҷанд-Новосибрск-Хуҷанд аз сар хоҳад гирифт.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, мақомоти ширкати ҳавопаймоӣ Сомон Эйр эълом карданд, ки дар моҳи июн парвозҳои муназзамин худро дар масирҳои Душанбе-Қазан-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибрск-Хуҷанд аз сар хоҳад гирифт.

Аз 9 июн парвозҳо ба масирҳои Қазан ва Новасибрск як бор дар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе анҷом мешавад.

Замони парвози рафт аз Душанбе ба Қазан дар соати 7:40 ва баргашт ба Душанбе соати 21:00 ба вақти маҳлли таъин шуда аст.

Парвози рафт аз Хуҷанд ба Новасибрск соати 20:30 дақиқа панҷшанбе ва парвози баргашт соати 03:30 ҷумъа шаб анҷом мешавад.

342/