ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолияи Туркия, низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба рустои « Кафар қудум » дар шимоли Каронаи бохтарӣ се фаластиниро ба зарби гулӯла захмӣ карданд ва даҳҳо нафар низ бар асари истиншоқи гази ашковар осеб диданд .
Ҳамчунин низомиёни саҳюнист ба рустои « Алҷониаҳ » дар ғарби Ромуллоҳ юриш бурданд ва ба сӯи манозили маскунии фаластиниён гази ашковар партоб карданд, ки бар асари он шуморе осеб диданд.
-
Вокуниши қотеъонаи Синвор ба таҳдиди режими саҳюнистӣ барои террори вай
-
Идомаи сиёсатҳои шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ
-
Поин кашидани парчами режими саҳюнистӣ тавассути 2 кӯдаки фаластинӣ
Даргириҳое низ дар рустои « Набии солеҳ » дар ғарби Ромуллоҳ миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнист рӯй дод, ки дар ин даргирӣ шуморе захмӣ шуданд .
Дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти низомиёни саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён шиддат гирифтааст ва низомиёни саҳюнист дар бисёре аз маворид бо шиллеки мустақими гулӯла фаластиниёнро ҳадаф қарор медиҳанд.
342/