Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷВик, Сайдҷаъфари Усмонзода раиси ҳизби демакратии Тоҷикистон ва намояндаи парлумони ин кишвар дар шарҳи ин баёния гуфт, ки аз Рустами Эмомалӣ, шаҳдори Душанбе хоста аст, ки аз тахриби биноҳҳои театри Садриддин Айни ва Абулқосими Лоҳути, меҳмонхонаҳои Вахш ва Душанбе, чойхонаи Роҳат ва бинои марказии донишгоҳи давлатии Тоҷикистон худдорӣ кунад.
Зеро бар асоси тарҳи бозсозии Душанбе аз ин биноҳои таърихи тахриб ва дар ин маконҳо биноҳои ҳукумат ва маҷлиси ҷадиди Тоҷикистон сохта мешавад, ҳоло он ки биноҳое, ки бояд тахриб шаванд, бахше аз таърихи даврони шуравии Тоҷикистон мебошанд, ки дар осори фарҳанги миллии ин кишвар сабт шуданд.
342/