Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Аки Пресс, дафтари матбуъоти нерӯҳои марзбонии Қирғизистон эълом кард, ки ронандагони ду мошини борбари ҳомили ин маҳсулот шаҳрвандони ин кишвар мебошанд, ки ба иттиҳоми талош барои қочоқ боздошт ва ба мақомоти қазоӣ таҳвил дода шуданд.
Гуфта мешавад, ки ронандагони ин мошинҳои борбари ҳеҷ навъи мадрак барои интиқоли ин маҳсулот ба Тоҷикистон надоштанд, ҳамчунин рӯзи 23 апрел низ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд як мошини борбарии бедуни ронанда шиносоӣ шуд, ки ҳомили 2 тонна нуриҳои менералӣ барои Тоҷикистон буд акнун талош барои пайдо кардани ронандаи ин мошини борбари оғоз шуда аст.
Марзҳои заминии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як сол қабл дар пай даргирии хунини марзбонони ду кишвар ҳамчунон баста боқи мемонад.
342/