ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Шенни Кэмпбелл (Shanny Campbell) дар нишасти маҳофили иқтисодии Тоҷикистон дар Душанбе таъкид кард, ки бо ҷиддият бояд мавзӯи истифода аз зарфият ва имконоти мавҷӯд барои анҷоми муомилоти молӣ, пайгирӣ шавад, ки таъсири буҳрони Украина ба ҳаддиақал коҳиш ёбад.
Вай таъкид кард, ки дар соли 2021 Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон сармоягузорӣ дар 20 тарҳро ба маблағи 1 миллиарду 14 миллиондоллар идома дод, ки 92 дарсади ин манобеи молӣ, ройгон мебошад.
Ҳамчунин Бонки Рушди Осиё дар соли 2022 барои тарҳҳои зери биноии ин кишвар маблағи 193 миллиондоллар ихтисос хоҳад дод.
Бонки Рушди Осиё аз соли 1998 ба Тоҷикистон 2 миллиарду 300 миллиондоллар кумаки молӣ карда, ки 1 миллиарду 700 миллиондоллари он ройгон аст.
342/