ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар дидори Рафоэл Гросси- мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ тақвияти равобит ва ҳамкориҳои ожонс бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаҳои фаротар аз мабоҳиси назоратӣ ва бозрасӣ аз ҷумла ҳимоят аз саноъати ҳастаии сулҳомези Эронро хостор шуд .
Амирабдуллоҳиён ибрози умедворӣ кард бо музокироту тафоҳуми ҳосила байни ожонс ва Созмони энержии атомии Эрон заминаи иҷроӣ шудани тавофуқҳои дуҷониба беш аз пеш фароҳам гардад .
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба нақши режими саҳюнистӣ дар эҷоди ихтилофангезӣ ва буҳронсозӣ, тавваҷуҳи мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомиро нисбат ба ҳар гуна суъистифодаи режими саҳюнистӣ аз созу корҳои ожонс ҷалб кард.
Рафоэл Гросси низ бо таъкид бар рӯйкарди фаннӣ ва ҳирфаии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бар тақвияти равобиту ҳамкориҳо ва ёфтани роҳи ҳалҳои халлоқона таъкид кард . Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин бо эъломи омодагии ин ниҳоди байналмиллалӣ барои ҳимоят аз пружаҳои муштарак дар заминаи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастае ,дидор аз Ҷумҳурии исломии Эронро нишонае аз ирода барои гуфтугӯ, дарки мутақобил, ҳалли масоил ва афзоиши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон унвон кард .
Рафоэл Гросси-мудмри кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ барои гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи идомаи ҳамкориҳои фаннии байни Эрон ва ин ниҳоди байналмиллалӣ дар сарварии ҳайате бомдоди рӯзи шанбе вориди Теҳрон шуд . Сафари мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон дар шароите анҷом мешавад, ки даври ҳаштуми музокирот дар Вена байни Эрон ва гуруҳи 4+1 барои рафъи таҳримҳои Амрико дар ҷараён аст.
342/