ABNA24 – Ба гузориши равобити умумӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, дар тамоси телефонии рӯзи ҷумъаи Josep Borrell, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, охирин натоиҷи музокироти Вена барои лағви таҳримҳо мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт.
Боррел дар ин гуфтугӯ гуфт: Аз назари мо умдаи дархостҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавофуқи пеширӯ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст ва мо ба унвони ҳамоҳангкунандаи музокироти Эрон ва 4+1 моилем бигӯем, ки гуфтугӯҳо дар масири пешрафт ва расидан ба натиҷаи ниҳоӣ қарор дорад.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз ниҳоӣ кардани ҳар чӣ зудтари тавофуқ таъкид кард: Лозимаи ҳузури вузарои хориҷа дар Вена ва эъломи тавофуқи ниҳоӣ, риояти комили хутути қирмизи эъломии Эрон ва аз ҷумла мавзуи тазмини муассири иқтисодӣ аст.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳар замоне, ки тарафҳои ғарбӣ хутути қирмизи боқимонда ва эъломшудаи моро бипазиранд, омодаи ҳузур дар Вена ҳастам.
342/