ABNA24 – Ба гузориши сомонаи «Ховар», дар дидори Музаффра Ҳусайнзода бо Муҳаммад Сайидмуҳаммад Алариқӣ, сафири ғайримуқими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (мақарри аслиаш дар Нурслтони Қазоқистон) ва Иброҳим бин Аҳмад Алмуинӣ, сафири ғайримуқими Уммон (мақарри аслиаш дар Теҳрон) дар бораи густариши равобити Душанбе бо ин ду кишвари арабии ҳошияи халиҷи Форс баҳсу табодули назар шуд.
Ҳусайнзода дар ин дидор бо табрики таъйини онон ба унвони сафирони Иморот ва Уммон дар Тоҷикистон, барои онҳо дар ин масъулият орзӯи муваффақият кард.
342/