ABNA24 – Парвози ҳафтаии муназзам миёни шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Барнаул, маркази шаҳри Олтойи Русия аз 30 марти соли ҷорӣ барқарор хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин парвози рафту баргашт ҳар ҳафта чаҳоршанбе анҷом хоҳад шуд.
Ширкати ҳавопаймоӣ Урали Русия ин парвозҳоро анҷом медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди 50 парвози муназзами ҳафтаӣ барқарор аст.
342/