ABNA24 – Майкл Ҳиггинс, раиси ҷумҳурии Ирландия ва Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфтанд.
Майкл Ҳиггинс, раиси ҷумҳурии Ирландия бо табрики солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ ба доктор Сайид Иброҳими Раисӣ, барои миллати Эрон орзуи саломатӣ ва муваффақияти беш аз пеш кард.
Раиси ҷумҳурии Беларус низ дар паёми табрикии худ ба давлату миллати Эрон, бар барқарории равобити дӯстона ва қавии асосёфта бар эътимоди байни ду кишварро, ки имрӯза бисёр арзишманд аст, таъкид кард.
Лукашенко хостори амалӣ шудани пружаҳои муштарак бо Эрон, ба вижа дар бахшҳои саноатӣ ва кишоварзӣ шуд.
342/