ABNA24 – Ба гузориши хабаргузории Иморот (Вом), Шайх Халифа бин Зойд Оли Наҳён, раиси Иморот бо ирсоли номае ба оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломиро ба вай ва мардуми Эрон табрик гуфт.
Ҳамчунин шайх Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, муовини раиси Иморот, нахуствазир ва ҳокими Дубай ва шайх Муҳаммад бин Зойд Оли Наҳён, валиаҳди Абузаби ва муовини фармондеҳии кулли Неруҳои мусаллаҳи Иморот бо ирсоли номаҳои мушобеҳ ва ҷудогона, рӯзи миллӣ ва фаро расидани солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба оятуллоҳ Раисӣ, раиси ҷумҳурӣ ва миллати Эрон табрик гуфтанд.
342/