ABNA24 – Ҳайатҳои музокира кунанди Эрон 4+1 (Русия, Чин, Британия,Фаронса ва Олмон) ва ҳамчунин Амрико ки аз 9 баҳман (29 январ) барои тасмимоти сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгашта буданд, аз имрӯз дар Вена ба баҳс дар мавриди бозгашти эҳтимолии Амрико ба БарҶом ва чигунагии итминон аз иҷрои комил ва муасири тавофуқ аз сӯйи ҳамаи тарафҳо идома хоҳад дод.
Михаил Евланов намояндаи Русия дар музокироти Вена зимни таъиди аз саргии давраи ҳаштуми музокироти Вена гуфт: Пас аз як тавақуфи кутоҳе, музокирот аз сешанбе аз саргирифта мешавад, музокирот зоҳиран дар марҳалаи ниҳоӣ аст, ки ба кушиш ва талошҳои пур энержии тамоми тарафҳо барои расидан ба тавофуқ ва рафъи таҳримҳо, ниёз дорад.
Дар остонаи аз саргирии музокирот, Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа аз бозгашти чанд муъофияти таҳрими дар ҳавзаи фаннӣ ҳастаии Эрон хабар дод ва расонаҳои ғарбӣ низ кушиш карданд ин бозгашти муъофияти таҳримиро барҷаста ва онро ба унвони ҳусни нияти Амрико фоқиди ҳаргуна осор ва мазоёти иқтисодӣ барои Эрон аст ва наметавон нишон диҳандаи ҳусни ният ва ҷидияти Вашингтон донист, дар воқеъ ин муъофияти таҳрими дар бахше эъмол шудааст,ки Амрико ва тарафи аврупоии БарҶом дар бораи он изҳори нигарони мекарданд ва хостаҳои аслии Эрон аз ҷумла манофеъи иқтисодии воқеъи, муасир ва қобили ростиозмоиро таъмин накардааст.
Абӯфазли Зуҳраванд дипламати пешини Эрон ва коршиноси масоъили сиёсӣ, ин иқдоми Амрикоро бо ҳадафи фишор бар тими музокира кунандаи Эрон арзёби мекунад ва мегӯяд: Ин даста аз иқдомҳо як "фариб" ва навъи " амалёти равонӣ" аст Амрикоиҳо омодаи ин ҳастанд ,ки бо камтарин ҳазина ба БарҶом бозгарданд.
Бадеҳи аст, Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳадафи рафъи таҳримҳои золимона ва ғайри қонунии Амрико вориди музокирот шудааст ,ва дидуни лағви муасири таҳримҳо ва дарёфти тазминҳои лозим ,ки ба сурати айни манофеъи Эронро таъмин кунад, тавофуқи ҷадиде ба даст нахоҳад омад.
Бар ҳамин асос, сиёсати усулии ҳайати музокира кунандаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ибтидо то ин будааст,ки мелоки музокирот, бояд манофеъ ,усул ва дастур амалҳои музокироти бошад ва замони дастёби ба тавофуқ ба таъмин шудани ин усул бастагӣ дорад. Гуфтугӯҳо дар Вена низ ба далели ибтикорот ва ҷиддияти ҳайати музокира кунандаи Эрон дар масири рӯбаҷулу қарор гирифтааст ва акнун тарафайн тавонистаанд чӣ дар заминаи нигориши матни ва чӣ дар робита бо наздик кардани дидгоҳояшон дар мавзуъоти аслӣ, пешрафти қобили тавҷеҳи ба даст оварданд.
Бинобарин чорчӯб ва тасвирӣ тавофуқи ниҳоӣ акнун мушахас аст ба натиҷа расидани музокирот ба мизони омодагӣ ва иродаӣ сиёсии тарафи муқобил ва ба таври мушахас Амрико бастагӣ дорад, чаро,ки мавзуъоти муҳиме ҳамчунон дар дастури кор аст,ки бидуни тасмимҳои сиёсӣ дар Вашингтон эҳтимоли гушоише дар он қобили тасаввур нест.
Агар дар Амрико дар чанд рӯзи гузашта ҳайати музокира кунанда барои ройзани ва дастуамал ба пойтахтҳо бозгашта буданд, тасмимоти лозим дар хусуси лағвӣ муасири таҳримҳо ва даст бардоштан аз хостаҳои ғайри воқеъабинона дар иртибод бо дастовардҳои илмии Эрон дар ҳавзаи ҳастеӣ иттихоз шуда бошад, метавон ба дастёби ба тавофуқи ниҳоӣ дар замони кутоҳ умедвор буд.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ишора ба ин мавзуъ таъкид кардааст: Бо вуҷӯди пешрафтҳои маҳдуд дар музокироти Вена, ҳанӯз бо шаклгирии тавозуни зарурӣ дар таъаҳудоти тарафайн фосила дорем. Тасмимоти сиёсӣ дар Вашингтон лозимаи эҷоди тавозун дар таъаҳудод барои дастёбӣ ба тавофуқ хуб аст.
342/