ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ( якшанбе ) дар хуҷастасолрӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с ) дар дидори ҷамъе аз маддоҳони Аҳли байт бо ишора ба бархе абъоди волои шахсияти ҳазрати Сиддиқаи Кубро фармӯданд : Ҷойгоҳи таҳорат, кор барои Худо ва хизмати беминнат ва мавқеъияти мумтоз дар мувоҷеҳа бо ҷабҳаи ботил дар қазияи Мубоҳила аз ҷумлаи вижагиҳои беназири он ҳазрат ҳастанд, ки дар Қуръони Карим сароҳатан ба онҳо ишора шудааст.
Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд : Ба лутфи илоҳӣ баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ҷомеъаи Эрон фотимӣ шудааст ва дар тӯли 43 соли гузашта ҳаракати фотимиро дар даврони дифои муқаддас, дар даврони ҳаракати илмӣ ва хадамоти беминнати шаҳидоне ҳамчун Фахризода, шуҳадои ҳастаӣ ва донишманди бузург, марҳуми Козими Оштиёнӣ ва дар ҳаводиси табиӣ ҳамчун селу зилзила борҳо дидаем .
Ишон таъкид карданд : Ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с ) бояд дар ҳамаи ҷиҳатҳо бавижа ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва инқилобӣ, усва ва улгӯ бошанд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома хотирнишон карданд : Хизмати иҷтимоӣ ба мардум дар шароите ки душман бо эҷоди фишори иқтисодӣ саъй дар қарор додани онҳо дар муқобили низоми исломӣ дорад, ҷиҳоди арзишманд аст .
Ишон бо ишора ба таҳарруки васеъи душманони миллати Эрон барои ворунасозӣ афкор ва тахриби имон ва боварҳои мардум ба василаи анбӯҳи расонаҳо ва бо истифода аз ҳазорон мутахассиси ҳунару расона ва пуштибониҳои ҳангуфти молӣ ва амниятӣ, муҳимтарин арсаи ҷиҳодро арсаи « табйину равшангарӣ » донистанд ва таъкид карданд : Дар муқобили ин ҳаракати шайтонӣ ҳайатҳо бояд аз худ савол кунанд, ки дар ҷанги беамони ҷабҳаи ҳақу ботил ва тақобули ривояти дуруғу ҳақиқат дар куҷо қарор доранд ва чӣ гуна ормонҳову мабоонии аслии инқилобро густариш медиҳанд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба нақшофаринӣ ва имтиҳонҳои хуби маддоҳон дар даврони дифои муқаддас ва ҳамчунин дар фитнаи 88 гуфтанд : Маддоҳон ба маънии воқеии калима муҷоҳидпарварӣ ва шаҳидпарварӣ карданд ва дар ҷанги расонаӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии исломӣ ва душман, садои расои маддоҳони инқилобӣ корсоз буд ва имрӯз низ ин садои расо ҳамчунон бояд дар муқобила бо ҷабҳаи густардаи душман корсоз бошад .
342/