20 Январ 2022 - 17:54
Дидори раиси Шӯрои мусулмонони Русия бо Сайид Иброҳими Раисӣ дар Маскав

Раиси Шӯрои мусулмонони Русия бо ҳузури дар маҳали иқомати раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав бо вай дидор кард .

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Иброҳими Раисӣ (панҷшанбе) дар дидор бо Равил Айниддин-раиси Шӯрои мусулмонони Русия дар Маскав гуфт : Ин сафар нуқтаи сарнавиштсозе дар равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва ба вижа фарҳангӣ миёни Эрону Русия хоҳад буд.Равил Айниддин-раиси Шӯрои мусулмонони Русия низ дар ин дидор аз раиси Ҷумҳурии Эрон барои ҳузур дар масҷиди ҷомеъи Маскав даъват кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон  (чаҳоршанбе) 29 дай дар садри ҳайати олирутба ва дар посух ба даъвати Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия ба Маскав сафар кард .

342/