19 Январ 2022 - 19:52
Тавсеаи содирот ба Русия ва тақвияти иртибототи тиҷораӣ; меҳавари ҷаласоти Раисӣ ва Путин

Сухангӯи давлати Эрон бо ишора ба сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия эълом кард, ки меҳвари ҷаласот ва мабоҳиси раисони ҷумҳурии ду кишвар, тавсеаи содирот ба Русия ва тақвияти иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодӣ аст.

ABNA24 – Ба гузориши ИРНА, Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт: Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сафар ба Русия илова бар дидор бо Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия дар Маҷлиси Дума суханронӣ хоҳад кард.

Сухангӯи давлати Эрон афзуд: Дидор бо фаъолони иқтисодӣ ва нефтӣ ва ҳузур дар донишгоҳ аз дигар барномаҳои раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия хоҳад буд.

Сухангӯи давлати Эрон хотирнишон кард, ки меҳвари ҷаласот ва мабоҳиси Раисӣ ва Путин тавсеаи содирот ба Русия ва тақвияти иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пагоҳ чаҳоршанбе ба Русия сафар мекунад.

 

342/