ABNA24 – Ҳамзамон бо вуруди Амирхони Муттақӣ Вазири умури хориҷаи давлати муваққати Толибон ба Теҳрон, бархе расонаҳо бо интишори акси вуруди ҳайати Толибон дар фурудгоҳи Меҳробод ва истиқбол аз он, ба нақл аз манобеъи номаълум гузориш доданд, ки давлати Эрон сафорати Афғонистон дар Теҳронро таҳвили Толибон медиҳанд.
Ба гузориши идораи кулли итилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Саъиди Хатибзода дар вокуниш ба ин иддао изҳор дошт: Фаъолиятҳои дипломотики сафорати Афғонистон дар Теҳрон ҳамонанди тамоми сафоратхонаҳои хориҷи дар чорчуби усул ва қавоиди таърифшудаи канвенсияи 1961 Вена дар хусуси равобити дипломотик қарор дорад ва ҳеҷ гуна тағир ва таҳаввули хориҷ аз он мумкин нест.
342/