1 Январ 2022 - 20:24
Раҳбари муаззами инқилоб: Ба баракати хуни шаҳид Сулаймонӣ ҷараёни муқовимат имрӯз умедвортар аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба улгӯ шудани шаҳид Сулаймонӣ дар миёни ҷавонони минтақа, ин шаҳиди азизро миллитарин ва умматитарин шахсияти Эрон ва дунёи Ислом хонданд.

ABNA24 – Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз (шанбе) дар дидори хонавода ва аъзои Ситоди бузургдошти сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ гуфтанд: Душманон хаёл мекарданд бо шаҳодати Сулаймонӣ, Абу Маҳдӣ ва дигар ҳамроҳони эшон, кор тамом хоҳад шуд, аммо имрӯз ба баракати он хуни азизу мазлӯмона, Амрико аз Афғонистон фирор кардааст, дар Ироқ ночор ба тазоҳур ба хурӯҷ ва эъломи нақши мусташорӣ ва бидӯни ҳузур низомӣ аст, ки албатта бародарони ироқӣ бояд бо ҳӯшёрӣ ин масаъларо дунбол кунанд, дар Яман ҷабҳаи муқовимат рӯ ба пешрафт аст, дар Сурия, душман, замингир ва бидуни умед ба ояндааст, ва дар маҷмӯъ ҷараёни муқовимат ва зидди истикборӣ дар минтақа, имрӯз аз ду сол қабл, пурравнақтар, шодобтар ва умедвортар дар ҳоли кор ва ҳаракат аст.

Эшон бо ишора ба табдил шудани шаҳид Сулаймонӣ ба улгӯ ва қаҳрамони ҷавонони дунёи ислому минтақа, гуфтанд, имрӯз Сулаймонӣ дар минтақаи мо намоди умед, эътимод ба нафас, рашодат ва рамзи истиқомат ва пирӯзӣ аст ва ҳамчунон, ки бархе ба дурустӣ гуфтаанд, «шаҳид» Сулаймонӣ барои душманонаш хатарноктар аз «сардор» Сулаймонӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ шаҳид Сулаймониро як воқеияти монданӣ ва то абад зинда, хонданд ва афзуданд, қотилони ӯ ҳамчун Трамп ва амсоли он, ҷузви фаромӯш шудагони таърих хоҳанд буд ва дар зуболадони таърих гуму гӯр мешаванд, албатта пас аз онки товони ҷинояти дунявии худро пас бидиҳанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бархӯрди ҳазфии мустакбирон бо шаҳид Сулаймонӣ дар фазои маҷозиро нишонаи тарси онҳо ҳатто аз исми шаҳид ва воҳимашон аз ривоҷ ва таксири он улгӯи гаронсанг донистанд.

342/