26 Декабр 2021 - 17:17
Як эронӣ раиси Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиё шуд

Довари байналмиллалии Эрон раёсати Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиёро аз они худ кард .

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Насиринажод-довари байналмиллалии Эрон ба унвони нахустин эронӣ раиси Кумитаи доварони тирандозӣ бо камони Осиё интихоб шуд . Ҳамчунин бо тасмими ҳайати раисаи конфедерасиюни Осиё,Насиринажод ба унвони сардовари нахустин Ҷоми Осиё-соли 2022, ки дар Банкоки Таиланд баргузор мешавад ,интихоб шуд .

Конфедерасиюни Осиё мударрисии семинари доварӣ дар соли 2022-и ин конфедерасиюнро ба вай вогузор кард, ки тамоми ин унвонҳо барои нахустин бор дар тирандозӣ бо камони Эрон иттифоқ афтодааст .
Насиринажод нахустин довари байналмиллалии Эрон ва ғарби Осиё аст, ки дар соли 2007 тавонист дар майдонҳои байналмиллалӣ қазоват кунад .

342/