ABNA24 – Ба гузориши сомонаи “Спутник”, генерал Александр Лапин гуфт, ба далели афзоиши таҳдидҳои террористӣ бо истифода аз тавони низомии неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузории 300 размоиши низомӣ дар соли 2022 барномарезӣ шудааст.
Вай ҳамчунин гуфт, дар размоишҳои баргузоршуда дар соли 2021, ки бештар дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон анҷом шуд, аз таҷрибаи равишҳои мубориза бо гуруҳҳои террористӣ дар Сурия истифода шуд.
Аз дидгоҳи вай яке аз равишҳои ҷадид дар размоишҳои низомии нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2021 бакоргирии густардаи паҳподҳои амалиётӣ дар кӯҳистон буд.
342/