ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Аннашра, Холид Машъал-раиси Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт: Фаластин унвони даргирии байни ҳаққу ботил ва қутбнамои уммати ислом аст, ки бояд ҳамаи тавваҷуҳҳо ба он равона шавад .
Машъал таъкид кард: Ҳамос ҳамчунон ба муқовимат пойбанд аст, то ваҷаб ба ваҷаби хоки Фаластин озод ва муқаддасоти уммати ислом дар ин сарзамини муборак бозпас гирифта шавад .
Раиси Ҳамос хотирнишон кард: Ончӣ ба зӯр гирифта шуда ҷуз ба зӯр бозпас гирифта намешавад. Шитоби бархе аз режимҳо барои оддисозии равобит бо Исроили ишғолгар маҳкум аст .
342/