12 Декабр 2021 - 10:35
Ҳалокати даҳҳо муздури вобаста ба Риёз дар Маъриби Яман

Манобеи хабарии низомӣ аз камини неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман алайҳи муздурони вобаста ба эътилофи мутаҷовизи Саъӯдӣ - Аморотӣ дар шарқи шаҳри роҳбурдии Маъриб хабар доданд .

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Албавобия ал-ахбория ал-Ямания” дар ҷараёни ин камин, ки шанбешаб атрофи минтақаи Кари дар Маъриб анҷом шуд, даҳҳо нафар аз неруҳои вобаста ба давлати мустаъфӣ ва ҳизби ихвонии « Ал-ислоҳ » кушта ва захмӣ шуданд .

Манобеи яманӣ эълом карданд неруҳои давлати мустаъфӣ қасд доштанд аз муздурони ҳозир дар минтақаи Кари ҳимоят кунанд, ки дар доми камини неруҳои яманӣ афтоданд .
Ин рӯзҳо даргирии шадиде байни неруҳои яманӣ ва муздурони вобаста ба эътилоф дар қалби шаҳри « Води убайда » дар Маъриб дар ҷараён аст ва нируҳои яманӣ муваффақ шуданд минтақаи Кариро озод кунанд .

  • Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад

  • Сухангӯи нирӯҳои мусаллаҳи Яман: Арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад

Сухангӯии неруҳои мусаллаҳи Яман : арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Ямани танг тар мешавад
Води убайда,дарвозаи шарқии вуруд ба шаҳри Маъриб ва охирин гузаргоҳи муздурони вобаста ба эътилоф дар ин шаҳр аст . Неруҳои яманӣ қасд доранд бо озодсозии ин минтақа аз чаҳор меҳвар  муҳосираи низомии Маърибро комил кунанд . Шаҳри Маъриб аз се тараф муҳосира шудааст .
Манобеи маҳаллӣ низ эълом карданд  неруҳои яманӣ муваффақ шуданд амниятро дар силсила куҳи Балқ таъмин кунанд ва ҳамчунон дар ҳоли пешравӣ дар ҷабҳаҳои ҷанубу шарқии Маъриб ҳастанд .

342/