5 Декабр 2021 - 15:57
Таъкиди садриҳо ва Кумитаи ҳамоҳангӣ бар ҳифзи ваҳдат барои ҳалли ихтилофи интихоботии Ироқ

Шахсиятҳое аз ҷараёни Садр ва ҳамчунин эътилофи Давлати Қонун ва ҷараёни Ҳикмати Миллӣ зимни ироаи дидгоҳҳои ин аҳзоб барои ҳалли бунбасти сиёсии Ироқ бар ваҳдат таъкид карданд.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Комисарёии олии интихоботи Ироқ сешанбеи ҳафтаи пеш бо вуҷӯди эътирозоти густарда ба натоиҷи аввалияи интихобот, феҳристи ниҳоии номзадҳои пирӯзшуда дар интихоботи порлумонии Ироқро, ки бо натоиҷи эъломшуда тафовути қобили таваҷҷӯҳе надошт, эълом кард . Номҳои номзадҳои пирӯз дар интихобот барои таъйиди ниҳоӣ ба Додгоҳи федероли Ироқ ироа шуд .

Кумитаи ҳамоҳангии гуруҳҳои сиёсии шиъӣ рӯзи шанбе эълом кард: Вуруд ба тавофуқ бо гуруҳҳои сиёсӣ барои ташкили кабина ба баъд аз эъломи раъйи додгоҳи федерол вогузор мешавад .

Бо ин ҳол Козими Алҳидрӣ-узви эътилофи Давлати Қонун ба раҳбарии Нурӣ Моликӣ-нахуствазири асбақи Ироқ эълом кард: Раванди мушаххас кардани фраксюни бузургтар дар порлумони Ироқ ба манзури пешбурди раванди ташкили кабина аз ҳамакнун ба баъд оғоз хоҳад шуд.
Абурағиф, сухангӯи ҷараёни Ҳикмати Миллии Ироқ низ бо баёни инки нишасти Кумитаи ҳамоҳангӣ бо раиси ҷараёни Садр иттифоқи тозае набудаву кумитаи ҳамоҳангӣ таи ду соле, ки аз ташкили он мегузарад, бо ҷараёни Садр ҳам ройзанӣ доштааст, гуфт: Шарти аслии мо дар ҳоли ҳозир дур кардани дахолати бегонагон аз тасмими Ироқ барои таъйини қутбнамои пеширӯйи Ироқ аст .

Содиқи Алэҳсонӣ-яке аз раҳбарони ҷараёни Садр низ таъкид кард: Натоиҷи нишасти ахири Муқтадо Садр бо раҳбарони Кумитаи ҳамоҳангии шиъён хушбинона аст .

342/