ABNA24 – Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот роҷеъ ба пайгирӣ ва татбиқи тавофуқоти зимни сафари расмии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (16- 18 сентябри соли 2021) ҳосилшуда, аз ҷумла таҳияи «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон то соли 2030» табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид карданд.
342/