8 Ноябр 2021 - 21:10
Тазриқи воксани корона ба 46,5 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то рўз 5 ноябри соли ҷорӣ ба 46,5 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвари воксани корона тазриқ шуд .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мақомоти ин вазоратхона гуфтанд то ин муддат 2 миллиону 710 ҳазор нафар дар Тоҷикистон воксани корона дарёфт кардаанд . Аз ин теъдод 2 миллиону 161 ҳазору 995 нафар дозаи дувуми воксани коронаро тазриқ карданд, ки баробар бо 31 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин кишвар мебошад .

Барномаи тазриқи воксани корона дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон сад дар сад иҷро шудааст .
Дар ин кишвар тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол илзомӣ мебошад .Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҷадиди ибтило ба бемории Ковид 19 дар ин кишвар шиносоӣ нашуд .

342/