ABNA24 : Дейвид Бийсли эълом кард, 22 миллиону 800 ҳазор нафар аз ҷамъияти 39 миллионнафарии Афғонистон бо масъалаи ҷиддии ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки идомаи он ба гуруснагиву қаҳтӣ дар ин кишвар мунҷар хоҳад шуд.
Ин рақам 2 моҳи пеш 14 миллион нафар будааст.
Дейвид Бийсли таъкид кард, дар чунин шароите мардум бо қаҳтиву гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва шароит вахимтар хоҳад шуд.
Бар асоси ин гузориш, ожонси ғизоии Созмони Милали Муттаҳид ба 220 миллион доллар дар моҳ ниёз дорад то маводи ғизоии наздик ба 23 миллион нафарро, ки дар остонаи зимистон бисёр осебпазир мебошанд, таъмин кунад. Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ба баҳонаҳои мухталиф сармояҳову дороиҳои Афғонистонро масдуд карданд.
342/