ABNA24 : Ба гузориши имрӯзи душанбеи радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Абӯалӣ Аласкарӣ-сухангӯи гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар баёния дар Твиттери худ навишт : Интихоботи порлумонии Ироқ-бузургтарин найрангу фиреби зидди миллати ин кишвар аст, ки муқовимат назари худро дар мавриди он гуфтаву мавозиъаш дар дифоъ аз ҳуқуқи мардумро баён кардааст.
Аласкарӣ афзуд : Алкозимӣ бояд ба хотири иқдомоти худ дар интихобот муҳокима ва дар зудтарин замон нисбат ба бозситонии ҳуқуқи раъйдиҳандагон ва номзадҳои онҳо иқдом шавад; дар ғайри ин сурат авзоъ ба самти номатлӯбе пеш меравад .
Натоиҷи аввалияи интихоботи Ироқ тавассути Комисариёии олии интихоботи Ироқ эълом шуд . Дар пайи эъломи ин натоиҷ бисёре аз номзадҳои интихобот ва мардуми ин кишвар ба натиҷаи эъломшуда эътироз кардаву хостори шафофият дар эъломи натоиҷ шуданд.
342/