ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода бо эъломи инки музокирот барои рафъи таҳримҳо дар Вена идома меёбад гуфт : Гуфтугӯиҳои панҷшанбе дар Теҳрон хубу созанда буд . Нукот ба оқои Мора мунтақил ва муқарар шуд дар чанд рӯзи ояндагуфтугӯҳо дар Брюссел идома пайдо кунад.
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Бояд дар гуфтугӯиҳое ки анҷом мешавад шаш даври музокироте, ки дар Вена ба натиҷа нарасид, пайгирӣ шавад .
Хатибзода дар бораи суҳбатҳои вазири хориҷаи Арабистон дар бора музокироти байни ду кишвар гуфт : Гуфтугӯҳо хубу мусбат буд ва дар буъди дуҷонибаву минтақаӣ пайгирӣ шуд ; ин гуфтугӯҳову тамосҳо идома дорад. Гуфтугӯи муҳтарамонаву ҷиддӣ ниёз аст ва умедворам ба натиҷа бирасад .
342/