ABNA24 : Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони рӯзи панҷшанбе дар иттилоъияе эълом кард : Аз чаҳоршанбе 13 октябр то панҷшанбеи 14 октябри 2021 ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 11 ҳазору 964 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 1 770 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид 19 дар кишвар ба 5 миллиону 754 ҳазору 47 нафар расид .
Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоъия афзуд : То кунун 5 миллиону 280 ҳазору 624 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун беш аз 240 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 4 миллиону 891 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд .
342/