Исмоил Бақоии Ҳомона дар нишасти вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи Афғонистон, бо баёни ин ки афғонҳо сазовори зиндагӣ дар сулҳу виқор дар хона ва равобити хуби ҳамсоягӣ бо ҳамсоягони худ, бидуни дахолатҳои низомии ғайриқонунӣ ҳастанд, афзуд: Ин амр танҳо аз тариқи як давлати фарогири муташаккил аз ҳамаи аҷзои мазҳабиву қавмии ҷомеаи Афғонистон амалӣ мешавад.
Бақоии Ҳомона бо таъкид бар ин ки раванди сулҳу оштӣ таҳти раҳбарӣ, моликият ва контроли Афғонистон бояд ба ин манзур суръат бахшида шавад, изҳор дошт: Дастовардҳои миллати Афғонистонро набояд ба хатар андохт.
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар дафтари аврупоии Созмони Милал бо баёни ин ки Амрико Афғонистонро бо вайронӣ, ранҷу ноумедии беҳадду канор ва бесуботӣ мувоҷеҳ кардаву ноамнӣ ва бесуботиро дар минтақа густариш додааст, афзуд: Амрикоиҳо наметавонанд аз зери бори масъулият дар қиболи авоқиби вахими ҳузури низомии фоҷеабори худ дар Афғонистон фирор кунанд.
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар дафтари аврупоии Созмони Милал ба талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар даҳаҳои гузашта ба манзури кумак ба пешрафти Афғонистон, ба унвони як кишвари босуботу амн низ ишора кард ва гуфт: Эрон тамоми талоши худро барои осонсозии гуфтугӯҳои сулҳ байни афғонҳо анҷом дода ва ин корро идома хоҳад дод.
342/