ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин нишаст Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Александр Лукашенкораисҷумҳури Белорус, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Садир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ суханронӣ карданд.
Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон, ки кишвараш дар ин созмон узвият надорад ба унвони меҳмон ширкат кард. Дар ин нишаст роҷеъ ба таҳаввулоти ахири Афғонистон ва таъсири он ба авзоъи амниятии кишварҳои узви СПАД баҳсу табодули назар шуд.
Сарони кишварҳои узви СПАД бар зарурати ташкили давлати фарогир дар Афғонистон бо мушорикати тамомии гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмии ин кишвар таъкид карданд.
Дар ин нишасти маҷозӣ дар бораи таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон бо кумаки кишварҳои узви СПАД низ тасмимоте гирифта шуд.
342/