Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 54 бемори шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон токунӯн ба 16 ҳазору 175 нафар расид, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 828 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 72 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ низ бо сабти як мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ба 124 нафар расидааст.
342/